АхборКишварҳои пасошӯравӣОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶаҳон

ҶОИЗАИ ФИЛМИ РӮЗНОМАНИГОРИ ТОҶИК АБДУЛЛОИ ҒУРБАТӢ ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАЙКОНУР

Рӯзҳои 7-11 уми сентябр дар Қазоқистон ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур баргузор гардид, ки филми мустанади “Аз ҳад калон” (Слишеом Большой)-и Абдуллои Ғурбатӣ рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик беҳтарин мустанад эълон гардид. Дар ин бора иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ҷашнвораи Байконур.

Дар ин ҷашнвора филми мустанади Абдуллои Ғурбатӣ ягона филми аз Тоҷикистон буд, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишваршо дар ин ҷашн намоиш дода шуд ва дар байни филмҳо “беҳтарин филми мустанад” номида шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан филми мустанади Абдуллои Ғурбатӣ дар Узбакистон ҳам ба намоиш гузошта шуда буд, ки худи муаллиф аз тариқи скайп иштирок карда буд.

Ин филм аз сарнавишти кӯдке ба номи Абдураҳмон қисса мекунад, ки ҳамаги 13 сол дорад ва маҷбур аст аз сабаби тангдастӣ ва нодори ба аробакашӣ даст зада ризқу рӯзи худ ва оилаи худро пеш барад.

Дар ҳоли ҳозир худи муаллиф дар боздошгоҳ қарор дорад ва бо ин сабаб натавонист дар ин намоишнома иштирок кунад. Абдуллои Ғурбатӣ баъди боздошт шудани рӯзноманигори тоҷик Далер Эмомалӣ ба назди пракратура рафт, то аз онҳо суол кунад: “Чаро Далерро дастгир карданд”, вале кормандони мақомот ӯро низ дастгир карданд.Тавре расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд нисбати ин рӯзноманигори ҷавон аз оғоз ба айбномаи иттоат накардан ба амри пулис парванда боз карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба узвияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд.